Хоҷаев Шариф Идиевич

Должность: 
Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Аз августи соли 2017 дар мансаби директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 5 октябри соли 1963
Ҷои таваллуд: ноҳияи Восеъ
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1990 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (рӯзона),  хатм намудааст.
Ихтисос: агрономи олим
Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Нишонӣ: ш. Душанбе, ноҳияи Сино, Деҳаи боло, 152

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1982-1984 - Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1984-1985 - Коргари заводи пахтатозакунии, ноҳияи Восеъ
Солҳои 1985-1990 - Донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои1990- 1999 - Мудири озмоишгоҳи Иттиҳодияи бо  нафтаъминкунии вилояти Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2000-2004 - Муовини директори Муассисаи мусофиркашонии назди Ҳукумати шаҳри Кӯлоб, шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2005-2007 - Ходими илмии шуъбаи мелиоратсия ва физикаи хоки Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2009 - Аспиранти шуъбаи хокшиносии бахши рӯзонаи Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2011 - Ходими калони илмии шуъбаи мелиоратсия ва физикаи хоки Институти хокшиносӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2015 - Мудири шуъбаи мелиоратсия ва физикаи хоки Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2017 - Котиби илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Аз августи 2017 то ҳоло - Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Таджикский