Ваҳдати миллӣ – кафили сулҳу оромӣ

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 22-уми Июни соли 2021

Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи кишвар мебошад.Ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатии тоҷиконро нигоҳ дошта, барои расидан ба вазифаҳои дар наздаш гузоштаи он мусоидат менамояд.

Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди ҷомеаи мо ҳамчун дастоварди бебаҳо ва неъмати худодод буда, нигоҳ доштани он барои мо қарз ва  ифтихор аст.

Вахдати миллӣ  на танҳо натиҷаи истиқлолияти давлатӣ, балки мисли ғояи умумимиллӣ дар қатори мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва сулҳу субот пазируфта шудааст. Он чун як омили пешрафти сиёсати давлати мо монанди кутбнамо дар тафаккури мардуми Точикистон нақши муҳим мебозад. Ҳамдигарфахмию таҳаммулпазирӣ дар давлатдории миллӣ муҳимтар аз ҳама гаштааст, зеро якдигарфаҳмӣ ҳар гуна муковимату низоъро аз байн мебарад.

Вахдати миллӣ ва истиқлолият имрӯз ба кувваи бузурги созандае табдил ёфтааст, ки метавонад ояндаи миллати моро равшан ва раванди рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии онро таҳким бахшад.

Самараи Ваҳдати миллӣ ва шарофати талошу муборизаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Точикистон шароити осоишта фаро расида кишварамон давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ гардида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ эътибори арзиши олиро соҳиб шуд.

     Имрӯз мо бояд шукргузорӣ аз чунин давлати осоишта ва сарвари оқил кунем, ки моро ба сулҳу субот ва оромии кишвари маҳубамон сарҷамъу иттифоқ гардонидааст. Мардуми шарафманди тоҷик умед надошт, ки дар он замони сахтиҳо,ҷангу набардҳои хунини ҷанги шаҳрвандӣ боз рӯ ба оромӣ бармегардад. Хушбахтона,  имрӯз мо ба рӯзгори тинҷу осуда ва ин неъмати бебаҳои миллат Ватани ободу хуррам расидем. 

     Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳадти миллӣ, рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи ҳар як сокини кишвари маҳбубамон мебошад.

Иззатулло  ЭМОМОВ, мудири шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Тоҷикӣ

Меню: