Насли истиқлолу сулҳу Ваҳдатем…

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 31-уми Августи соли 2021
Насли истиқлолу сулҳу Ваҳдатем…

       Инак, мо дар арафаи ҷашни азизу муқаддас  30 – солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Имрӯз тамоми рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он миллату давлатҳо саҳифаи сифатан нав ба вуҷуд меоранд аз Истиқлолияти комили сиёсӣ, иттиҳодӣ, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, сулҳу субот сарманшаъ мегирад ва дар рушди ҷомеа нақши бориз ва абадӣдоранд. Чун ба ҳамагон аён аст,  санаи  9 - уми сентябри соли 1991 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи ҳамгироиву оштӣва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин дарҷ  гардидааст. Ҳар сол фарорасии ин санаи таърихиро мардуми шарафманди тоҷик бо ифтихору шодӣва шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил мекунанд.

 Истиқлолияти  миллӣсарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣва пешбарандаи сиёсати давлат буда, дар таърихи мардуми мо, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ,  ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Воқеан, Истиқлолият беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, иттиҳодӣ, омили рушди босубот, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии инсон ва ҳоқазо дар ҳар замон маҳсуб меёбад.

 Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди тоҷикро мебояд шукр аз он  намояд,  ки имрӯз Ватани осудаву обод дорад ва дар ин кишвари маҳбуб умр ба сар мебарад. Аз ин лиҳоз, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи хешро баҳри  рушду равнақи Тоҷикистон равона месозем ва ҷавонони давраи соҳибистиқлолиро ба донишу ҳунар ва кору фаъолияти пурсамар ҳидоят месозем. Бубинед, имрӯзҳо чӣқадар корхонаву иморатҳо  аз нав бунёд гардида, фаъолият мекунанд  ва чӣқадар боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишиву фароғатӣ, майдончаи бозии кӯдакон, ки  дар чор ноҳияи пойтахт тибқи нақшаи пешбинишудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  амал мекунад, мавриди истифода ва баҳрабардорӣқарор дорад.

 Аз мову  шумо шаҳрвандони пойтахт ҳаминро  тақозо менамояд, ки ба ин неъмати бебаҳо арҷ гузорем ва ба қадри сулҳу субот ва ба ин санаи тақдирсози миллат бирасем.  

 Насли истиқлолу сулҳу Ваҳдатем,

 Пайравони Пешвои миллатем…        

 

Иззатулло ЭМОМОВ, мудирӣ шуъбаи иттилоот,  машварат ва татбиқи дастовардҳо.

 

 

 

Тоҷикӣ

Меню: