Пайравони Пешвои миллатем…

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 16-уми Ноябри соли 2021

Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пеш гирифт. Ҳанӯз 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» - ро қабул намуд.

Ин бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва пойдории ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ташаккул ва инкишофёбии сиёсати ҷавононро яке аз самтҳо ва ҳадафҳои асосӣ фаъолият медонад.

Мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бахравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад боқӣ мемонад.

Бо ифтихори баланд иброз менамоям, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои сохибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муназзами миллати точик шаҳодат медиҳад.

Мо насли ҷавонон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, ба донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорем:

Тоҷикӣ

Меню: