Сохтор

Дар сохтори Институт шуъбаҳо ва озмоишгоҳи зерин ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ машғул мебошанд:

  1. Шуъбаи генезис, тасниф ва харитасозии хок;
  2. Шуъбаи биологияи хок;
  3. Шуъбаи агрокимиё;
  4. Шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок;
  5. Шуъбаи ҳифзи хок аз эрозия;
  6. Шуъбаи мелиоратсия;
  7. Шуъбаи иттилоотию машваратӣ ва таълим;
  8. Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку рустанӣ.

Инчунин дар сохтори Институти хокшиноси корхонаҳои зертобеъ аз қабили 2 Стансияи таҷрибавии хокшиносию-мелиоративии Вахши (ноҳияи Бохтар) дар вилояти Хатлон буда ва дар вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъгардида, 3 пойгоҳҳои таҷрибавии Файзобод, Ваҳдат ва Хуросон ва 1 такягоҳи илмии Хоҷа Оби Гарм амал мекунанд.

  • Стансияи таҷрибави хокшиносӣ-мелиоративии вилояти Суғд. Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 1969 таъсис ёфта, барои омӯзиши масъалаҳои шӯрии хокҳо ва баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳои кӯҳнаобёришудаи қисмати шимолии Тоҷикистон машғул мебошад. Стансия дар мувозинаи худ барои корҳои илми-таҷрибавӣ 4 га замин дорад, ки аз он 2,7 га замини корам мебошад
  • Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон воқеъ гардидааст, соли 1936 таъсис ётааст ва барои омӯзиши масоили беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон машғул мебошад. Майдони умумии 63 га замин мавҷуд буда, аз ҷумла 14 га роҳҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва ҷуйҳо, 1 га боғи куҳна ва инчунин 47 га замини корами обиро ташкил медиҳад.
  • Пойгоҳи «Карсанги»-и ноҳияи Файзобод соли 1965 таъсис ёфтааст. Дар ин пойгоҳ дар самти беҳтарсозии маҳсулнокӣ дар нишебизаминҳо, ҳифзи хок аз эрозия ва роҳҳои нигоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табии хок дар шароитҳои лалмӣ, бо роҳҳои рӯйпушкунонӣ (мулчирование) ва кишти маҳсулоти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ, тадқиқотҳо бурда мешаванд. Майдони умумии пойгоҳ 35 га замини лалмии талу тепаҳоро ташкил медиҳад.
  • Пойгоҳи таҷрибавии «Оби - Киик» воқеъ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон соли 1978 таъсис ёфтааст ва дар ин ҷо дар самти беҳтарсозии маҳсулнокӣ дар нишебизаминҳо, ҳифзи хок аз эрозия ва роҳҳои ниғоҳдорӣ ва ҷамъ намудани намии табии хок дар шароитҳои лалмӣ, аз руи масъалаҳои азхудкунии нишебизаминҳо ва шинонидани дарахтони мевагӣ ва ангурзор бо усули борони сунъӣ ва обёрии қатрагӣ, тадқиқотҳо бурда мешаванд.
  • Пойгоҳи таҷрибави «Тангаӣ» воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат, соли 1964 таъсис ёфта, доир ба мубориза бар зиди эрозияи хок дар шароити хокҳои ҷигарранги карбонатии нишебизаминҳо тадқиқотҳо гузаронида мешаванд.

Такягоҳи илмии «Хоҷа Оби Гарм» воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ки дар соли 1976 таъсис дода шудааст ва дар ин такягоҳ масъалаҳои шусташавии хок, бунёди чарогоҳҳо дар заминҳои наздикуҳӣ ва баландкӯҳҳо омӯхта мешаванд.

Тоҷикӣ