Тантанаи ҷашни Меҳргон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 15-уми Октябри соли 2022 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

«Миллати тоҷик соҳиби ойину сунатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».                                                        

Меҳргон - иди ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи кишоварзон буда, ҳамасола дар фасли тирамоҳ дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15- октябри соли равон Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои дахдор дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Ҳаким Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни «Меҳргон» ҷамъомади хотирмон баргузор намуд.

Дар ин рӯз Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал низ доир шуд. Дар ин ҷашнгоҳ кишоварзони мамлакат бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва полезиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор  ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намудаанд, ки сарзамини биҳиштӣ будани Тоҷикистонро бори дигар нишон медиҳад, Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Тоҷикистон дарак медиҳад. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе барои боздид аз намоиши пуршукӯҳи имрӯза гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ ворид шуда, аз тамошои неъматҳои пурсахои сарзамини хеш баҳра мебурданд.

Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Ин ҷашни мазкурро кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ бо дастовардњои назарраст истиқбол намуда, дастовардҳои илмии хешро пешкаши иштирокчиён гузоштанд.

Инчунин оид ба баланд бардоштани њосилнокии хок, омода намудани нуриои микробиологӣ, эмин нигоњ доштани хок аз таназулёбӣ ва гирифтани ҳосили дилхоҳ аз заминҳои лалмӣ ба кишоварзон тавсияњои алман асоснокро пешнињод намуданд.

Ҷашнвораи мазкур аз сохибистиқлолӣ, фаровонҳосилии зањмати кишоваршон, эҳёи анъанаҳои миллӣ, шодию нишон, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва файзу баракати хони пурнеъмати мардуми тоҷик дарак медод.

Дар интиҳои намоиш ба кишоварзони фаъол ва пешқадамони соҳа аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.                                           .

Тоҷикӣ

Меню: