Ҳамкориҳо бо муассисаҳои ҷумҳурӣ, иттиҳоди давлатҳои мустақим ва ташкилотҳои байналмиллалӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

     Дар тӯли 30 сол ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, бо КД ТоҷикНИИГиМ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Маркази илмии ҳифзи растаниҳои АИКТ  роҳандозӣ карда шудааст.
     Институт берун аз ҷумҳурӣ бо Институти хокшиносии ба номи Докучаеви шаҳри Москва, бо Институти агрокимиё ва хокшиносии Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи Давлатии Москав ба номи В.М. Ломоносов, Донишгоҳи Давлатии аграрии ба номи К.А.Тимирязеви шаҳри Москва, Донишгоҳи Байройтии Олмон, Академияи давлатии кишоварзии Нижний Новгород, Институти хокшиносии ба номи А.Н.Соколовскии Украина, Академияи давлатии кишоварзии Белорусия, Институти агрокимиё ва хокшиносии Ҷумҳурии Украина, бо Созмони глобалии ҳамкории соҳаи об (GWP) Шветсия, бо Маркази илмӣ-таҳқиқотии Хитой оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва амнияти сифат барои Осиёи Марказӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.
     Институт дар давраи Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии фонди Оғохон, МАГАТЕ, ИКАРДА, Бонки рушди Осиё, ИКБА, CARITAS ҳамкориҳои илмиро ба роҳ мондааст.

Тоҷикӣ