Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Артиши миллӣ”-дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Ҷамъомадро директори Институт Хоҷаев Шариф оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда иброз намуданд, ки ин дастоварди беназир тавассути сиёсати пайвастаи хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.Сипас олимону кормандон ба сухан баромада оид ба ин санаи таърихи фикру андешаҳо баён намудаанд.