Таҷлили «Фестивали намоиш - фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by Ҳайати тадорукот on Saturday, November 26, 2022 - 2:00pm

      Санаи 26.11.2022 дар Муассисаи давлатии бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» доир гардид, ки дар он олимони соҳа ва кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни картошкаро ба марази тамошо гузоштанд.

           Дар намоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода, сардори Раëсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода, Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода, намояндагони Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Инчунин аз ҷониби масъулони Вазорати кишоварзии Ҷумњурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисаҳои зертобеи он, вилояти Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 200 номгӯи таомҳои миллие, ки аз картошка омода шуда буд, хони чорабиниро оро медод. Аҳли кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмњои кишоварзӣ бо як рӯҳу илҳоми тоза дар ин чорабинӣ иштирок намуда, оид ба парвариши навъњои картошка ва баландбардории њосилнокии он тавасути телевизиони Сайёҳи, Ҷаҳоннамо ва радиои Ховар баромадҳо карданд. Ҳамчунин бонувони чирадасти муассиса зиёда аз 20 номгӯи хӯрокҳои миллии аз картошка омодагардидаро пешкаши тамошобинон гардониданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода фестивали мазкурро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки «Тоҷикистон то соли 2020 1 млн тонна картошка истеҳсол мекард. Ин рақам соли 2021 ба 1 млн 20 ҳазор тонна расид. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, имсол истеҳсоли картошка ба 1 млн 150 ҳазор тонна мерасад, ки он ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат мерасонад».

      Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиëзода иброз дошт, ки соли равон аз хориҷи мамлакат ягон миқдор картошка ворид нашуда, тамоми маҳсулот истеҳсоли ватанӣ мебошад. Бинобар иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 32158 гектар картошка кишт карда шуд. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 25 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ 776 ҳазору 553 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 215 тонна зиёд мебошад.

       Ба гуфти олимони соҳаи кишовразӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мегарданд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад. имрӯз дар ҷањон қариб 3 ҳазор намуди картошка парвариш карда шуда, дар Тоҷикистон бошад 15 намуди картошка маъмул аст.

Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси ин зироат дар он аст, ки миќдори зиёди витамини В-6 дорад, дорои миќдори зиёди микроэлементњо, аз ќабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагињои зарароварро тоза мекунад. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалњои озод мусоидат менамоянд ва он ба зебої ва чандирии пӯст таъсир мерасонад, пиршавии бармањалро пешгирї мекунад.

     Меҳмонон аз дастовардони олимону кишоварзон дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Ҳамчунин пешқадамони соҳаро барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи картошкапарварӣ бо диплом ва сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.

Tajik