ТАЪСИРИ НУРИҲОИ МИКРОБИОЛОГӢ БА ХУСУСИЯТҲОИ ХОКУ РАСТАНӢ ВА МОҲИЯТИ ХОБОНДАНИ БИОКОМПОСТ ДАР ШАРОИТИ ВОДИИ ВАХШ

Submitted by Майрамбӣ Зокиро... on Friday, September 20, 2024 - 8:04pm

     20.09.2024. Имрӯз дар ноҳияи Кушониён конференсияи илмию амалии минтақавӣ дар мавзуи «Таъсири нуриҳои микробиологӣ ба хусусиятҳои хоку растанӣ ва моҳияти хобонидани биокомпост дар шароити водии Вахш», дар доираи қарори Раёсати АИКТ «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024» баргузор гардид.

     Дар ҳамоиши илмӣ намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Кушониён, Дўстӣ, Ҷайҳун, Хуросон, А.Ҷомӣ, Ҷ.Балхӣ ва шаҳри Хуҷанд, инчунин хоҷагидорону деҳқонон (фермерон) ва шахсони инфиродӣ, олимони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти замин ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

     Ҳадаф аз баргузории ин конференсия аз нигоҳи илмӣ баррасӣ, дарёфти роҳу усулҳои муосири самаранок истифода бурдани нуриҳои микробиологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва мутобиқ намудани зироатҳои кишоварзӣ дар шароити имрӯза, роҳҳои пешгирӣ ва барқарор намудани мувозинати биологии хок дар рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва ба даст овардани маҳсулоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи зироатҳои кишоварзӣ, беҳдошти заминҳои обӣ ва роҳҳои биологии пешгирӣ аз шӯршавии замин мебошад.

     Инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни Институти хокшиносӣ ва агрохимия бо хоҷагиҳои деҳқонии минтақаи водии Вахш, баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон ҷиҳати самаранок истифодабарии нуриҳои микробиологӣ, истифодаи технологияҳои хобонидани тарзҳои гуногуни биокомпост, нуриҳои минералӣ, органикӣ ва микробиологӣ бо мақсади зиёд намудани ҳосилнокӣ ва маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ дар самти таъмини амнияти озуқавории кишвар, яке аз тадбирҳои судманди дигар маҳсуб мегардад.

     Дар қисми назариявии конференсия олимон дар мавзуъҳои “Истифодаи нуриҳои микробиологӣ ва биокомпост, таъсири онҳо ба хусусиятҳои хоку растанӣ дар шароити водии Вахш”, “Парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити дигаргуншавии иқлим бо усули биологӣ, истифодаи бионуриҳо ва истифодаи нуриҳои микробиологӣ”, “Роҳҳои биологии мубориза бар зидди шуршавии замин” ва “Ҳолати мелиоративии заминҳои СТХМ Вахш” ва дигар масъалаҳои муҳим барои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ суханронӣ намуданд.

     Ҳамзамон шиносоӣ бо таҷрибаҳои илмӣ-саҳроӣ, аз ҷумла қитъаи намоишӣ оид ба истифодаи нуриҳои микробиологӣ дар кишти такрорӣ, тайёр намудани тарзҳои гуногуни биокомпост ҷиҳати захира намудани намӣ ва ғизо дар раванди тағйирёбии иқлим дар шароити ҳозира, саволу ҷавоби иштирокчиён ва пешниҳоду таклифҳо дар раванди баланд бардоштани истифодабарии самараноки нуриҳои органикӣ, микробиологӣ (Азотобактерин) дар заминҳои обёришавандаи водии Вахшро муҳим арзёбӣ карданд.

 

Tajik