+992 227-19-79 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
KHOVAR.TJ
- Садриддин Айнӣ (1878 – 1954)
-
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. - Бобоҷон Ғафуров (1909 – 1977)
-
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. - Мирзо Турсунзода (1911-1977)
-
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. - Эмомалӣ Раҳмон
-
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мукофотонида шудааст. - Нусратулло Махсум (1881 – 1938)
-
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шудааст. - Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937)
-
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
Administrations
Legislation
Main menu
- Home
- President
- Legislation
- Constitution of the Republic of Tajikistan
- National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
- Medium-term Development Program of the Republic of Tajikistan for 2016-2020 The National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the Period up to 2030, The Medium-term Development Program of the Republic of Tajikistan for 2016-2020
- News
- About Institute
- Activities
- Services
- Library
- Contacts
M | T | W | T | F | S | S |
---|---|---|---|---|---|---|
|
|
|
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
8
|
9
|
10
|
11
|
12
|
13
|
14
|
15
|
16
|
17
|
18
|
19
|
20
|
21
|
22
|
23
|
24
|
25
|
26
|
27
|
28
|
29
|
30
|
|
User login
Monthly archive
- November 2018 (1)
- September 2020 (1)
- March 2021 (40)
- April 2021 (34)
- May 2021 (4)
- June 2021 (8)
- July 2021 (16)
- August 2021 (2)
- September 2021 (1)
- October 2021 (2)
- November 2021 (5)
- December 2021 (3)
- January 2022 (6)
- February 2022 (1)
- March 2022 (9)
- April 2022 (3)
- May 2022 (5)
- June 2022 (2)
- August 2022 (3)
- September 2022 (5)
Pages
President
Congratulatory address of the President of the Republic of Tajikistan, Leader of the Nation Emomali Rahmon on the occasion of the Sada holiday
Services
The list of services and announcements related to the Institute's services are placed in the "Services" block or the "Services" menu.