ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ТОҶИКОН!
Санаи 08.09.2022, дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеъи олимону кормандон ва меҳмонон ҷамъомади тантанави бахшида ба 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Саравал чорабинии идонаро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло оғоз намуда ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқадаст табрик намуда иброз доштанд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.