Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешаванд, гуфта шудааст дар боби дуюми моддаи 14 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ таѓйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар рамзҳои давлатии Тоҷикистон - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, ба ҳукми шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Аз ин рӯ, ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал дарҷ гардидааст. Мо наметавонем, бе ягон қонуни конститутсионӣ амал намоем. Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намуда, мебояд ба ҳама санаду қонунҳои он арҷ гузорем.
Биноан, дар 10 бобу 100 моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори Конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суд, Прокуратура, Тартиби таѓйири Конститутсия вазифаву салоҳияти онҳо ба таври муфассал баррасӣ гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки мо халқи Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дорем, ҳамзамон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, бо муқаддас шуморидани озодиву ҳуқуқи шахс баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунем ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додаем.
Иззатулло ЭМОМОВ, мудирӣ шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо.