Рӯзи Президент

Submitted by Эмомов И. М. on Tuesday, November 16, 2021 - 2:55pm

      Бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони " Президенти маҳбуби мо " баргузор гардид,ки дар он олимону мутахассисони соҳаи мазкур иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба ин рӯзи муқаддас баён намуданд.Сараввал Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муҳтарам Асозода Н.М, ҳозиринро оид ба таърих ва моҳияти ҷашнгирии " Рӯзи Президент " ошно намуда, иброз доштаанд, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи дақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.

Ҳамзамон олимону мутахассисони муасиса ба сухан баромада, доир ба мақсаду маром ва моҳияти ҷашнгирии "Рӯзи Президент "- ро ёдоварӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

Tajik