Шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар

Submitted by Эмомов И. М. on Friday, January 28, 2022 - 4:09pm

   Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 миззи мудавар баргузор гардид.

    Чорабиниро Директори Институт Хоҷаев Шариф ифтитоҳ бахшида, иброз намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда мебошад ва оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

        Қайд гардид, ки тавре муҳтарам Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём зикр намуданд, ки бо мақсади дастгирӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ, бахусус, хушксолӣ ва обхезӣ, паҳншавии бемории КОВИД - 19 дар ду соли охир ва пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо кишоварзони мамлакат дар соли 2021 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шуданд. Иқдоми мазкур боиси 6 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ гардид. Дар натиҷа фаровонии бозори истеъмолии кишвар бо молу маҳсулоти асосии ниёзи мардум таъмин карда шуд. То замони истиқлолият талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва картошка асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардид. Сарвари давлат ҳамзамон зимни баромади хеш хотирнишон кард, ки  солҳои охир ва хусусан, ду соли охир дар кишвари мо ва бисёр мамлакатҳои дунё хушксолӣ ва камборишӣ идома дорад. Тибқи маълумоти расонаҳо ва Созмони Милали Муттаҳид имрӯзҳо дар даҳҳо кишвари сайёра гуруснагӣ идома дорад. Ҳамчунин, дар соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

    Дар ин раванд бояд тазаккур дод, ки бинобар соҳиби замин гардидани деҳқон илмӣ хокшиносӣ ва агрохимия низ ба марҳалаи нав қадам ниҳод. Агар он дастовардҳои илмии олимон-хокшиносонро дар даврони Шӯравӣ дида бароем, таҳқиқотҳои калонмиқёс гузаронида шуда, якумин маротиба харитаҳои хокҳои Тоҷикистон таҳия гардид.  Дар он давра озмоишгоҳҳои агрохимиявӣ фаъолият мебурданд ва ҳосилхезии хокҳоро мунтазам санҷида мебаромаданд. Ҳоло бошад хизматрасониҳои агрохимиявии хок ба пуррагӣ фаъолият наменамоянд. Дар ин марҳилаи нави рушди илми хокшиносӣ ва агрохимия, дар заминаи таҷдидсозии хоҷагиҳои деҳқонӣ бар дӯши олимон вазифаҳо дучанд ва сечанд гардидааст. Ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии парвариши зироатҳои кишоварзӣ, мутобиқсозии зироаткорӣ ба шароити номусоиди муҳит аз қабили он мебошад. Ҳамзамон расонидани ёрии илмӣ-амалӣ ба хоҷагидорону заминистифодабарандагон аз тарафи олимони Институт мунтазам иҷро мегардад, локин теъдоди онро мо олимон бояд зиёд намуда, кушиш намоем, ки илм ва истеҳсолот ҳамқадами замон бошад. Инчунин дар ин самт корҳои илмӣ-таҳқиқотии Институт доир ба сарфакорона истифода бурдани замин, самаранок истифода бурдани он, яъне гирифтани 3-4 ҳосил аз 1 га замин, истифодаи оқилонаи нуриҳои минералӣ, органикӣ ва микробиологӣ бахшида шуда, тавсияномаву дастурамалҳо ва мақолаҳои илмии олимон барои истифодабарӣ нашр гардидаанд. Сипас, мудирони шуъбаҳо, олимону меҳмонон дар самтҳои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ вобаста ба аҳамият ва нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.

Tajik