Ҷиҳати иҷрои нақша – чорабиниҳои 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва стансияву пойгоҳҳои он корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сабзу хурамгардонӣ давра ба давра иҷро гардида истодааст.
Санаи 22.10.2022 бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Асозода Н.М., директори Институт Хоҷаев Ш.И., Саркотиби академи Неъматов М., ва кулли кормандони Институт корҳои тозагиву сабзу хурамгардонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дастаҷамъона гирду атрофи бино ва роҳраву ҷўйборҳоро аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза намуда, дохили бино ва утоҷқҳои кориро ба тартиб дароварданд. Ҳамчунин зери гулҳои ороишии назди бино ва дарахтонро нарму мулоим карда, баргҳои хазонгардидаро ҳамчун нурии сабз зери хок намуданд.
Баҳри зимистонгузаронии бинои муассиса аз ҷониби мутахассисони соҳа тамоми қубурҳои системаи гармидиҳӣ пурра таъмир гардида, барои гармидиҳии зимистони имсола омода аст.
Ҳамчунин дар стансияву пойгоҳҳои Институт низ корҳои ободонӣ идома доранд. Дар пойгоҳи Ваҳдат корҳои сохтумонии гармхонаи доимоамалкунанда бо маром идома дошта, гармхонаи дигар, ки дар он дарахтони лимон парвариш карда мешаванд, гирду атрофи онро нарм карда, гармхонаро аз алафҳои бегона тоза ва болои он пушонида шуд. Олимону кормандони муассиса азм доранд, ки ин иқдоми некро пайваста идома дода, баҳри зебову ободонии кишвари азизамон саҳми босазои худро гузоранд.