Санаи 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ – ҷашни Сада бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тољикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда буд. Дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Фазои боғ идона оро ёфта, дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Сада муовини Сарвазири Ҷумҳуриии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, инчунин аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки «Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳор меоварад ва деҳқононро ба кишту кори саҳро омода менамояд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд».
Аз аҳди бостон то ин дам мардуми кишоварз ҳар сол иди Садаро интизорӣ мекашанд. Бо ин умед марди деҳқон каландашро ба замин мезанад, то дар фасли баҳор ба ҳосили фаровон замина гузорад. Деҳқонон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза зидди зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд. Хоҷагидорон низ дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, паранда, занбӯри асал ва моҳӣ ҳолати зоогигиении ҷойҳои нигоҳдорӣ, ҳифзи растанию наботот аз касалиҳо ва ғайраро амалӣ мегардонанд.
Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.
Чун анъана бонувони тоҷик аз ҳар гӯшаву канори мамлакат хони идона оростаанд, ки дар он хӯрокҳои миллӣ, ки хоси ҳар минтақаи ҷумуҳурӣ дониста мешаванд, гузошта шудаанд.
Азбаски Сада ҷашни кишоварзон мебошад, иди касбии олимони соҳа низ ба шумор меравад. Дар ќатори Вазорати кишоварзии Љумњурии Тољикистон Кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва муассисањои зертобеи он бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани иди мазкур, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат дастоварњояшонро пешкаши њозирин гардонида, ба кишоварзон тавсияномаҳои судманди илмро пешниҳод намуданд. Инчунин барои бунёди боғу токзорҳои нав аз ҷониби Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ниҳолҳои дарахтони мевадињандаву ороишӣ ба фурўш бароварда шуд.
Дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиш - фурўшӣ ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, кўчати гулу гулбутаҳои ороишӣ, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, пешниҳоди иштирокдорони тантанаҳои идона гардонида шуд.
Тамаддуни илмӣ идҳои сегонаи кишоварзонро аз ҷашнҳое медонад, ки бо худ покизагиву фаровонњосилӣ, ризқу рўзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро бо худ њамроҳ меоварад ва он шукўҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.
Дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Сада ба кишоварзон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Котиби илмї Уроқов Ё.П.