Мақому манзалати зан дар ҷомеа

Submitted by Эмомов И. М. on Tuesday, May 4, 2021 - 9:58am


 “Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои заруриро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд” 
                                                                 Эмомалӣ Раҳмон   

        Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш  пайваста  иброз медоранд, ки нақши зан чӣ  дар оилаву ҷомеа ва чӣ дар рушди илм бениҳоят бузург аст. Доимо таъкид менамоянд, ки занон дар тарғиби арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, пешрафти илму техника ҳиссаи муносиб мегузоранд ва ба ин восита мақоми зан-модарро, ки пешбарандаи ҷамъият, нуру зиёи ҳаёт ва асоси бахту нишот дар кишварамон мебошад, боз ҳам баланд мебардоранд.
         Бояд ёдовар шуд, ки занони тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дар ҷомеа нақши бориз доштанд. Онҳо бо фазилату накӯгавҳарӣ фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми меҳру садоқат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву ҷовидон ва давомдори кишвари маҳбуби хеш нигоҳ доштаанд. Занони тоҷик бо донишу малакаи баланди худ таваҷҷуҳи аҳли башарро ҷалб намуда, барои пешрафт ва рушду равнақ ёфтани кишвари хеш, пояндаву устувор нигоҳ доштани оила саҳми арзанда гузоштаанд. Занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим хизмат ба давлату миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он ҳамеша саъю талошҳо ба харҷ додаанд.                    
Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти зан-модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои он, пойдевори асосии сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои Пешвои миллат ба он равона гардиданд, ки зан-модар ҳамчун симои воқеӣ, тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавии ҷомеаро ба инобат гирифта, баҳри беҳтаргардонии шароити занон ва таълиму тарбияи маърифатпарваронаи онҳо камари ҳиммат баст. 
Мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи демократӣ, омода сохтани барномаҳои муштараки ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, танзими оила, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари ҷавондухтарон, беҳгардонии шароити оилаҳои камбизоат, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон, бартараф намудани бекорӣ дар байни занон, ташкил намудани захираи кадрӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ғайри ҳукуматӣ ва байналмилалии муқими Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти бонувон гардид.  Нақши модар дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ахлоқии фарзанд як рукни   муайянкунанда дониста шудааст. 
Метавон гуфт, ки мавқеи занон дар сиёсати имрӯза ҷойгоҳи махсусро касб кардааст ва бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва ибтикору роҳнамоии шаҳрдории кишвар, инчунин, дигар дастгириҳои сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ занон дар қатори мардон фаъолияти пурсамар намуда, ҷиҳати рушд намудани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳифзи илтиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.  
Иззатулло Эмомов, мудири шуъбаи иттилоот,  машварат ва тадбиқи дастовардҳои Институти хокшиносии агрохимия 
                                                                         
                                                 
                                                                                                 

Tajik