Дар ҷаласаи навбатии Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия яке аз масъалаҳои асосӣ, пешдифои рисолаи доктории ходими калони илмӣ Бобишо Холзода дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ оид ба ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои гуногуни агроэкологии Тоҷикистон» буд, ки дар он Президенти АИКТ Амонулло Салимзода, аъзоёни Шўро ва олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ширкат намуданд.
Нахуст ҷаласаро Раиси Шўро Шариф Хоҷаев ифтитоҳ ва ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Сипас, Бобишо Холзода дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии рисолаи доктории худ суханронӣ намуда, ширкаткунандагонро бо муҳтаво ва натиҷаҳои илмии ба даст овардашуда муаррифӣ кард.
Иштирокчиёни ҷаласа рисолаи илмии анҷомдодаи Бобишо Холзодаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, назароти хешро нисбати камбудиҳои ҷойдошта иброз намуданд.
Дар поён муқарризони рисолаи докторӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯйро қобили қабул дониста, изҳор доштанд, ки баъди ислоҳи камбудиҳо рисолаи илмӣ барои дарёфти унвони доктори илмҳои кишоварзӣ ба Шўрои диссертатсионии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур пешниҳод карда шавад.