August 2024

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ ШАНБЕГӢ ДАР ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Saturday, 31 August, 2024 - 10:30

     31.08.2024.  Имрӯз ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ шанбегӣ баргузор гардид.

     Кормандони муассиса дастаҷамъона дар нарм кардани бехи дарахтон, тоза намудани  алафҳои  худрӯй ва  шинондани гулҳо ва дар сабзу хуррамгардонии гирду атрофи он фаъолона ширкат намуданд.

     Ҳамзамон дар пойгоҳи Сомғори ноҳияи Б.Ғафурови Институти боғдориву токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, кормандони Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд  дар ҳашари дастаҷамъона иштирок карданд.

Таджикский

Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Душанбе

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Sunday, 25 August, 2024 - 14:13

     25 август Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  симои идона ба бар карда буд.

Таджикский

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ»

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Wednesday, 21 August, 2024 - 20:00

     Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон густариши робитаи ҳамкории Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

     Дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Зебиниссо Бобохониён директори институт   рафти иҷрои  лоиҳаро матраҳ намуда иброз дошт, ки то имрӯз дар доираи лоиҳа ҷиҳати  баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ хоҷагидорон бо тухмии гандуми “Темерязевка”, “Алексеевич” ва нуриҳои маъданӣ таъмин гардидаанд. Инчунин дастгириҳои дигари лоиҳа таъмири намо ва боми бинои институт буда, кумаки техникӣ (мошин) низ расонда шудааст.

Таджикский

ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН БО ОЛМОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Monday, 19 August, 2024 - 18:55

     19.08.2024. Амонулло Салимзода президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон  бо Франк Куклинский роҳбари Ташкилоти ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) аз тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи лоиҳаи “Парвариши пахтаи органикӣ дар соли 2025”  ва  дигар мавзуъҳо дидору гуфтугӯ карданд.

     Нахуст Амонулло Салимзода аз фаъолияти илмии институтҳо, марказҳо ва сохторҳои зертобеи АИКТ иттилоъ дода, бахусус аз ихтирои навъҳои зироатҳо, гандум, ҷуворӣ ва  пахтаи олимони тоҷикро таъкид кард.

Таджикский

БОБОХОНИЁН ЗЕБИНИССО ҚАРА

Должность: 
Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Бобохониён Зебиниссо Қара
аз 8 июли соли 2024 дар вазифаи Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи и лмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд
: 6 юни соли 1975
Ҷойи таваллуд: шаҳри Ваҳдат
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1997 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (таҳсили рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: агроном-олим
Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ, 2007
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016)
Аъзои ҳизб ҳаст ё не ҲХДТ
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 2 фарзанд
Телефон: 988 93 4545 ; Email: faridun.murodov.17@mail.ru
Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1992-1997

Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 1997-1998

Лаборанти калони кафедраи боғу сабзавот ва ангурпарварии ДАТ

Солҳои 1997-1998

Омӯзгори кафедраи боғу сабзавот ва ангурпарварии ДАТ

Солҳои 1998 -2001

Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2001-2002

Лаборанти калони кафедраи агрохимия ва хокшиносӣ, факултети агрономии Донишгоњи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2002-2005

Ассистенти кафедраи агрохимия ва хокшиносӣ, факултети агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2009

Омўзгори калони кафедраи агрохимия ва хокшиносӣ, факултети агрономии Донишгоњи аграрии Тољикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

Солҳои 2009-2015

Дотсенти кафедраи агрохимия ва хокшиносӣ, факултети агрономии Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

Солҳои 2015-2017

Ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

Аз соли 2017 то 2022

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

Аз соли 2022 то 2024

Муовини ректор оид ба тарбия, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

Аз соли 2024 то ҳол

Директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон