Дар қитъаи таҷрибавии хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор, олимони институт ҷиҳати таҳлилу омӯзиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Такмили системаи идоракунии ғизогирии маъдании дарахтони мевадиҳандаи боғҳои интенсивӣ дар шароити доманакӯҳҳо» дар давраи ҳосили мева як силсила корҳои илмиро анҷом доданд.
Аз давраи нашъунамо ва пухтарасии дарахтони мевадиҳандаи боғҳои интенсивӣ корҳои таҷрибавии зерин дар ҳар давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, гирифтани намунаҳои хок барои муайян кардани таркиби ғизоии хок, гузаронидани мушоҳидаҳои фенологӣ, натиҷагирӣ аз таҷрибаҳои саҳроӣ дар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ба таври инноватсионӣ истифодаи нуриҳои комплексии моеъ дар баргҳои дарахтон ҳамчун ғизодиҳии ғайрирешагӣ ва таъсири макроэлементҳо (азот, фосфор, калий) ва микроэлементҳо (мис, оҳан, манган, руҳ, калтсий ва ғ.), инчунин аз таркиби меваҳои себ муайян намудани (нитрат ва қанд ) барои ташхис ба озмоишгоҳи марказонидашудаи хоку растанӣ интиқол дода шуда ва натиҷаҳои он мавриди таҳлил қарор доранд.
Мушоҳидаҳои фенологӣ.