Чоршанбе, Май 29, 2024

Баргузории рӯзи саҳроӣ дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и шаҳри Ҳисор

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 29-уми Майи соли 2024

     29.05.2024. Тибқи  қарори Раёсати АИКТ аз 30.01.2024, № 4, «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024», рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи “Истифодабарии нуриҳои маъданӣ дар боғҳои интенсивӣ”, дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор доир гардид. Дар ҳамоиши илмӣ олимону мутахассисони Институти хокштносӣ ва агрохимия, намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Тоҷикӣ