Хабарҳо

Тоҷикӣ

Тантанаи ҷашни истиқлол дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 07-уми Сентябри соли 2023 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

      07.09.2023. Имрӯз  дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маросими идонаро Шариф Хоҷаев директори институти мутазакира ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагонро ба  ҷашни миллии мардуми тоҷик табрик намуд.

Тоҷикӣ

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 01-уми Сентябри соли 2023

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.

Оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарони гиромӣ самимона табрик мегӯям.

Тоҷикӣ

1 сентябр оғози соли нави таҳсил

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 01-уми Сентябри соли 2023

1 сентябр дар саросари Тоҷикистон соли нави таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат ҳамасола дар яке аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҳузур ва ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ доир мегардад.

Имрӯз Сарвари давлат бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, дар ин Донишгоҳ зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба таври мустақим пахш гардид.

Тоҷикӣ

Баргузории ҷаласаи шӯрои олимон дар муассиса

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 23-уми Июни соли 2023

Санаи 23.06.2023 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Тиргон ҷашни тоҷикони бостон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 23-уми Июни соли 2023 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

      Эҳёи як ҷашни бостонӣ барои мардуме, ки таъриху тамаддуни чандҳазорсола дорад, боиси хушҳолӣ ва ифтихор аст. Фарҳанги мардуми тоҷик аз ҷашнҳову ойинҳое, ки ба муносибатҳои  мухталиф дар фаслҳои гуногуни сол баргузор мешавад, зиёд аст. Лекин мутаассифона баъзе аз расму ойинҳои онҳо ба фаромӯшӣ рафтааст. Зимни таҳқиқ он чӣ дар аксари ин ҷашнҳо ба чашм мехӯрад, аз шодиву нишоти гурӯҳӣ аст.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Панҷшанбе, 20-уми апрели соли 2023

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Чоршанбе, 05-уми апрели соли 2023

Модарону бонувони гиромӣ!

Хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.

Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.

Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.

Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба RSS - Хабарҳо