- гузаронидани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физики – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳои хок;
- тезонидани суръати раванди илми-техникӣ дар соҳаи хокшиносӣ, агрокимиё, мелиоратсия, агроиқлимӣ, коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, дар маҷмӯъ истифода бурдани захираҳои обу хок, дар амал ҷорӣ намудани низоми сарфакоронаи истифода бурдани захираҳои табии дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунони дар соҳаи зироаткорӣ;
- коркарди масоили муҳим, ки барои амали сохтани сиёсати аграрии ҳукумат нигаронида шудаанд;
- коркарди асосҳои оқилона ва аз ҷиҳати иқлимӣ коркарда баромадашудаи истифодаи хок ва дигар омилҳои табиӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
- коркарди бунёдии муносибати байниҳамдигарии Институт бо сохторҳои дар тобеияти он буда;
- омӯзиш ва ҷамъбаст намудани комёбиҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ баҳри беҳтар истифода бурдан дар пешрафту тараққиёти истеҳсолот;
- таъмин намудани шароити мувофиқи меҳнату маишии олимони Институт бо мақсади фаъолияти бо самари илмӣ.
+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























