Баргузории ҳамоиши илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Сешанбе, 25-уми Июни соли 2024

     Имрӯз дар мавзуи «Саҳми олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворї», дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф (30.05.2024) ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
     Дар кори ҳамоиш меҳмонони даъватшуда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ҳамзамон академикҳо, аъзоҳои вобастаи АИКТ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва зерсорхторҳои онҳо ширкат доштанд.
     Дар саҳни бинои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва зерсохторҳои он дастовардҳои илмии худро дар маърази намоиш гузоштанд.
     Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ меҳмонон аз ин намоишгоҳ дидан намуда, аз пешрафту мувафаққиятҳои олимони соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.
     Сипас, ҳамоиши илмиро Амонулло Салимзода президенти АИКТ ифтитоҳ намуда, аз нақши илм дар рушди соҳаи кишоварзӣ таъкид кард. Маърузачиён низ аз нукоти муҳими суханронии Сарвари давлат ёдовар шуда, зарурати бо истеҳсолот пайвастани илм, таъмини кадрҳои ҷавон ба муассисаи илмӣ, инчунин саҳми Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди илми кишоварзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуданд.
     Дар поёни ҳамоиш Амонулло Салимзода аз ширкаткунандагон изҳори сипос намуда, тақвият ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии дохил ва хориҷро муҳим донист. Ҳамчунин иштирокчиёнро ба ҷашни дар пеш истодаи 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, орзуи оромишу хушбахтӣ ва муваффақият дар ҷодаи илмиашон кард.

 

 

 

 

 

 

Тоҷикӣ

Меню: