Таъсис
Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 8 марти соли 1951, дар заминаи Стансияи хокшиносию-мелиоративии ба номи Антипов-Каратаеви минтақаи Вахш таъсис дода шудааст ва солҳои аввали таъсисёбии худ ҳамчун Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ва баъдан ҳамчун институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ фаъолият намудааст.