Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим аст, ки фаъолияти солҳои дар пешистодаи тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин шоиста ва сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.
Имрӯз 28 декабр аҳли олимону мутахассисон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид, дастаҷамъона тамошо намуданд.
Қобили зикр аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраи оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, рушди кишоварзӣ, илму маориф, муҳоҷират, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар ниҳодҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Президенти кишвар зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи ватани соҳибихтиёру маҳбубумонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ монем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири рушду пешрафт ва нерӯманд гардидани он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона намоем.
Дар Паёми имсола Сарвари давлат тамоми самтҳои мухталифи ҷомеаро таҳлил намуда, вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни кишвар махсусан соҳаи илму маориф ибрози назар намуданд. Соле, ки сипари шуда истодааст дар таърихи кишварамон бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.
Ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар сармашқи кори худ намуда, ҳамаи иқтидор ва имкониятҳоро паи ободу зебо ва рушди пешрафти ватани маҳбубу соҳибистиқлол равона менамояд.
+992 227-19-79 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |