+992 227-19-79 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
September 2023
Тантанаи ҷашни истиқлол дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия
07.09.2023. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маросими идонаро Шариф Хоҷаев директори институти мутазакира ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагонро ба ҷашни миллии мардуми тоҷик табрик намуд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони мо неруи асосӣ ва воситаи пешбарандаи ҳар як ҷомеа, аз ҷумла Тоҷикистони мо ба ҳисоб меравад.
Оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён, аз ҷумла ба онҳое, ки имрӯз бори аввал ба остонаи мактаб қадам гузоштанд, ба аҳли илму маорифи мамлакат ва падару модарони гиромӣ самимона табрик мегӯям.
Выступление Президента Республики Таджикистан, Лидера нации уважаемого Эмомали Рахмона в День знаний
Дорогие соотечественники!
Уважаемые представители науки и образования, учителя и преподаватели, студенты и учащиеся, дорогие родители и уважаемые присутствующие!
Празднование Дня знаний и проведение Урока мира в начале учебного года является одной из добрых традиций периода независимости, торжеств и достижений грамотности, знаний, мудрости и образования древнего таджикского народа.
Действительно, наука и знания с очень древних времен до нашей эры являются главной силой и движущим инструментом каждого общества, в том числе и нашего Таджикистана.
1 сентябр оғози соли нави таҳсил
1 сентябр дар саросари Тоҷикистон соли нави таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ оғоз гардид. Ба ин муносибат ҳамасола дар яке аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҳузур ва ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва дарси сулҳ доир мегардад.
Имрӯз Сарвари давлат бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сипас, дар ин Донишгоҳ зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба таври мустақим пахш гардид.