11.07.2024. Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии солонаи ташкилоти ибтидоии “Хокшинос” доир ба масъалаҳои зерин - ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоб намудани раис, муовин ва котиби нави ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Шариф Хоҷаев ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Хокшинос”-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шариф Хоҷаев суханронӣ ва аз фаъолияти солонаи ташкилот ҳисобот ( ё гузориш) дод.
Доир ба масъалаи интихоби раис ва ҳайати нави ташкилоти ибтидоӣ Далер Ҳусейнзода мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронӣ таъкид кард, ки тибқи оинномаи ҲХДТ дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб карда мешавад.
Аз тарафи аъзои ин ташкилот пешниҳод шуд, ки номзадии Зебинисо Бобохониён барои раиси ташкилоти ибтидоии “Хокшинос”, номзадии Қурбоналӣ Салимов муовини раис, номзадии Музаффар Муқаддасов котиби ташкилоти ибтидоӣ, номзадии вакил Зебинисо Бобохониён ҷиҳати ширкат дар конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардиданд ва ашхоси болозикр интихоб шуданд.
Аз рӯи масъалаи охирони рӯзнома ба раиси нави интихобшудаи ташкилоти ибтидоӣ Зебинисо Бобохониён дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои нав ба нав ва барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ орзу намуданд. Ва эшон барои боварии аъзои ҳизб изҳори миннатдорӣ намуда изҳор дошт, ки дар пешрафти корҳои ҳизб фаъолона ширкат карда, саҳми худро мегузорад.
Дар интиҳои маҷлис иштирокдорон барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барнома ва нақшаву чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро тарҳрезӣ карданд.











Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.










