МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ХОКШИНОС"-И ҲХДТ ДАР ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 11-уми Июли соли 2024

     11.07.2024. Дар  Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии солонаи ташкилоти ибтидоии “Хокшинос” доир ба  масъалаҳои зерин - ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоб намудани раис, муовин ва котиби нави ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

     Ҷаласаро Шариф Хоҷаев ифтитоҳ намуда,  иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос кард. Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Хокшинос”-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шариф Хоҷаев суханронӣ ва аз фаъолияти  солонаи ташкилот ҳисобот ( ё гузориш) дод.

     Доир ба масъалаи  интихоби раис ва ҳайати нави ташкилоти ибтидоӣ Далер Ҳусейнзода мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронӣ таъкид кард, ки тибқи оинномаи ҲХДТ дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб карда мешавад.

     Аз тарафи аъзои ин ташкилот пешниҳод шуд, ки номзадии Зебинисо Бобохониён барои раиси ташкилоти ибтидоии “Хокшинос”, номзадии Қурбоналӣ Салимов муовини раис, номзадии Музаффар Муқаддасов котиби ташкилоти ибтидоӣ, номзадии вакил Зебинисо Бобохониён  ҷиҳати ширкат дар конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур пешниҳод гардиданд ва ашхоси болозикр интихоб шуданд.

     Аз рӯи масъалаи охирони рӯзнома ба раиси нави интихобшудаи ташкилоти ибтидоӣ Зебинисо Бобохониён  дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои нав ба нав ва барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ орзу намуданд.  Ва эшон барои боварии аъзои ҳизб изҳори миннатдорӣ намуда изҳор дошт, ки дар пешрафти корҳои ҳизб фаъолона ширкат карда, саҳми худро мегузорад.

     Дар  интиҳои маҷлис иштирокдорон барои  сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 35-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барнома ва нақшаву чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро тарҳрезӣ карданд.

 

Тоҷикӣ

Меню: