ДАР ТОҶИКИСТОН СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ ГАРДИД

Submitted by Майрамбӣ Зокиро... on Sunday, September 1, 2024 - 10:20am

     01.09.2024. Имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави хониш дар тамоми мактабҳои миёна ва олии кишвар оғоз гардид, ки  ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои таълимӣ ташриф меоваранд ва бо намояндагони илму маориф мулоқот менамоянд.

     Имсол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, дар оғози соли нави таҳсили 2024-25 ширкат намуданд.

     Зимни суханронӣ Сарвари давлати Тоҷикистон аз вазъи таълиму тадрис дар кишвар, бунёди мактабҳои наву бозсозишуда ва аз қадру манзалати омӯзгорон  дар шароити кунунӣ таъкид карда, иброз доштанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст.

     Ҷараёни суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар толори маҷлисгоҳи муассиса тамошо карданд.  

Tajik