Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”- зери унвонӣ " Забон ин ҳастии миллат"

Автор: Эмомов И. М. Дата публикации: Tuesday, 5 October, 2021 - 14:03

Суратгузориш аз рафти ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-зери унвонӣ "Забон ин ҳастии миллат" дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Ҷамъомадро директори Институт Хоҷаев Шариф оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда иброз намуданд, ки  имрӯз, забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дошта, муҳимтарин рукни давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ғамхорӣ ва ҳифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазл аст. Тавре, ки Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад” Сипас олимону кормандони Институт ба сухан баромада доир ба мавқеъ ва аҳмияти забони тоҷики  дар рушди давлатдории точикон аз қадим то имрӯз  суханронӣ намуданд.

Таджикский

Меню: