+992 227-19-79 Главная |
Карта сайта |
Контакты |
апрель 2022
Хизматрасониҳои Институт
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хизматрасониҳои зеринро мувофиқи Оиннома пешниҳод менамояд:
- гузаронидани ташхиси хокҳои ҷумҳурӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физикӣ – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳо;
- гузаронидани корҳои таълимӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи агрокимиё ва хокшиносӣ;
- қабули аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва докторанон аз рӯи ихтисоси РhD;
Услуги Института
Список услуг и объявлений относящихся к услугам Института размещяются в блоке «Услуги» или менюи «Услуги».
Institute's Services
The list of services and announcements related to the Institute's services are placed in the "Services" block or the "Services" menu.
Мавзеъи Кокули ноҳияи Фархор
Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р аз 01-04 феврали соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи Кокули ноҳияи Фархор сафари кори анҷом дода, намунаҳои хоки ин мавзеъро барои таҳлил гирифтанд. Аз натиҷаи ташхиси намунаҳои хок ба заминистифодабарандагон оид ба самаранок истифодабарии ин мавзеъ тавсияҳои судманд доданд.
Оғози корҳои илмӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ
Олимони Институт дар асоси нақшаи кории шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ барои интихобу кишти зироатҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва гирифтани намунаҳои хок барои ташхиси агрохимиявию микробиологӣ аз 15 то 17- марти соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон вилояти Хатлон равона гардиданд. Дар натиҷаи сафари хизматӣ онҳо корҳои ба зиммашон гузошташударо бо истифода аз навгониҳои илмӣ ва истифодабарии нуриҳои органикиву микробиологӣ кишти зироатҳои лубиёдонагиҳоро гузарониданд.