Семинари илмию - амалии минтаавӣ дар мавзӯи«Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ»

Автор: Эмомов И. М. Дата публикации: Thursday, 26 May, 2022 - 17:32

     Санаи 26-майи соли 2022 дар пойгоҳи илми- таҷрибавии Хуросони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳия  Хуросон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ» баргузор гардид. 
Дар семинар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, сардорони раёсати кишоварзии ноҳияҳои вилоят, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзидаанд.
Семинарро ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доктори илмҳои кишоварзӣ Амиршоев Файзулло  ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории семинари мазкур аз нигоҳи илмӣ таҳлилу баррасӣ, дарёфти роҳу усулҳои муосири самаранок истифода бурдани заминҳои корами обёришаванда буда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, тарғиби арзишҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва ба ин васила амалӣ гардонидани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши кишоварзӣ мебошад.
    Дар ҳамоиши илмӣ олимони Институт баромад намуда,  қайд намуданд, ки зироатҳои лӯбиёдонагиҳо манбаи муҳими сафедаи барои саломатии инсон зарурӣ ба ҳисоб рафта, нуриҳои узвию микробиологӣ бошад дар таркиби худ пайвастагиҳои органикӣ моддаҳои ғизои дошта барои нашъунамои хуби зироатҳо дар давраи афзоиш зарур буда,  пайвастҳои минералии азхудшавандаи N, Р, К, Са, Мg, B, Zn, S ва  гумусро  ҳосил мекунанд ва  истифодаи мунтазами нуриҳои узвию микробиологӣ хосиятҳои физикию химиявӣ, ва низоми обу ҳавои хокро беҳ намуда, фаъолияти микроорганизмҳои фоиданокро дар хок муътадил менамоянд.  Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ аз ҷониби олимон ба хоҷагидорон, деҳқонон ва замин истифодабарандагон оид ба самаранок истифодабарии замин тавсияҳои судманд дода шуд.
 

Таджикский

Меню: