Иҷрои корҳои агротехникӣ дар хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Сомонҷон”

Автор: Ҳайати тадорукот Дата публикации: Monday, 9 January, 2023 - 10:00

Олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои коркарди босифати байни қатори дарахтони мевадиҳанда ва башаклдарории онҳо ба хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара сафарбар гардида, тӯли чанд рӯз аст, ки бо риояи чорабиниҳои агротехникї дастаҷамъона меҳнат намуда истодаанд. Инчунин барои баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, беҳгардонии ҳолати мелиоративии хок ва ворид намудани нуриҳои минералию органикӣ дар байни боғу токзор тавсияҳои судманди илмиро ба кишоварзон пешниҳод намуданд.

Таджикский

Меню: