Натиҷаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023

Автор: Ҳайати тадорукот Дата публикации: Thursday, 29 December, 2022 - 13:30 • Updated on Saturday, 9 September, 2023 - 11:59

      Санаи 29.12.2022 дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ҷаласаи васеи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

   Дар кори ҷаласа намояндаи АИКТ Ятимзода Хуршед ноиби президент оид ба масъалаҳои умумӣ, роҳбарони стансияву пойгоҳҳои Институт аъзёни Шӯрои олимон ва аҳли кормандон иштирок намуданд.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа сараввал ҳисоботи директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия н.и.к. Хоҷаев Шариф Идиевич оид ба натичаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 шунида ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

     Дар музокираҳо, олимони варзидаи соҳа, собиқадорон ва иштирокчиёни ҷаласа, ҷиҳати рушди илми кишоварзӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, робитаи мустаҳками илм бо истеҳсолот ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ дастуру тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

        Дар ҷамъбасти кори ҷаласа олимон ва мутахассисони соҳа барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси илмию истеҳсолӣ, бо ифтихорнома ва сипосномаи Институт сарфароз гардонида шуданд.

Таджикский

Меню: