Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён ҳамаи шумо олимону кормандони гиромиқадрро ба муносибати Соли Нави мелодии 2024 самимона табрику муборакбод менамоям.
Соли сипаригардида дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди Тоҷикистони азиз, соли созандагию бунёдкорӣ ва муваффаќиятњои беназир дар дохил ва хориҷи кишвар буд, ки умедворам ҳар яки шумо низ дар ин бунёдкориҳову пешравиҳо саҳми арзанда гузоштаед. Ҳар сол барои ҳар фард аз ҳар лиҳоз хотирмон аст. Ҳар соли куҳан аз худ рӯзҳои хуш ва нохушиҳоро дар зиндагиамон нақш мегузорад, бигузор Соли 2023 бо хушиҳояш бароятон хотирмон бошад.
Дар ин рўзҳои фараҳбахши вуруди Соли нав, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирўзмандӣ, рўзгори пурфайзу бобаракат, осудахотирӣ ва дар фаъолияти зањматталабатон муваффаќиятњои беназирро орзӯ мекунам.
Итминони комил дорам, ки дар ин Соли нав шумо бо фаъолияти пурсамаратон дар шукуфоиву бунёдкории кишвари мањбубамон ва дар пешрафти илми кишоварзӣ њиссагузор хоњед буд.
Бигузор Соли нав барои ҳар яки шумо фаъолияти пурбор, баракат дар зиндагӣ, сиҳатманду саодатмандӣ, хонаободиву осудаҳолӣ, амалӣ гардидани орзуҳои бепоён ва барои Ватани азизамон соли шукуфоӣ бошад.
Ҳамеша солиму шод ва пирӯзу муваффақ бошед ва ҳеҷгоҳ хушиҳо раҳоятон накунад.
Соли нави ҳамагиатон муборак!
Бо камоли эҳтиром
Директор Хоҷаев Ш.И.








Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















