15-умин солгарди Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Monday, 25 март, 2024 - 00:00

     Имрӯз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муштарак бо Вазорати кишоварзӣ ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, дар саҳни ДАТ Иди Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Дар ин ҷашн олимон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ фаъолона ширкат намуда, иштирокчиёни базмгоҳро ба сайри таърихии хони ҳафтсину ҳафтшин ва рамзу нишонаҳои дар он гузошта шуда, ки аз даврони бостон то ин ҷониб ҳифз шудааст, даъват намуданд. Зимни тамошо вазири кишоварзӣ  Қурбон Ҳакимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ва дигар меҳмонон, хони наврӯзии Институтро беҳтарин арзёбӣ намуданд.

     Қобили ёдоварист, ки дафъаи 15-ум аст, ки дар ҷаҳон Наврӯзи байналмилалиро  ҷашн гирифтанд. Созмони Миллали Муттаҳид 21-уми мартро рӯзи ҷаҳонии Наврӯз эълон кардааст. Мардуми Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни аҷдодии моро бо шукӯҳ таҷлил менамоянд.

     Дар кишвари мо имсол 6 рӯз истироҳат эълон шудааст ва ҳамаи корхонаҳо, деҳаҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо дар ин рӯзҳо дар марказҳои фарҳангӣ бо иҷрои расму одоби наврӯзӣ ва барномаҳои консертӣ чорабинҳо доир менамоянд.

     Наврӯзи ҳамагиатон ҳумоюн бод!

 

Таджикский

Меню: