02.05.2024. Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, ҷаласаи умумии олимону кормандон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа нахуст Шариф Хоҷаев директори Институт аз олимони варзида хоҳиш намуд, ки бештар вақти худро ба ҷалби илмомӯзии ҷавонон сарф намоянд. Чун таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба рушд ва пешрафти илм дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Агар ҷавонони тоҷик вақти бештари худро ба корҳои судманд барои интихоби тахассус ва ояндаи худ сипарӣ намоянд, фоида ҳам ба худ ва ҷомеа хоҳад расид. Нигаронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба авзои сиёсии ҷаҳон буда, шаҳрвандони кишварро таъкид месозанд, ки ба сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик бетафовут набошанд.
Бахусус суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар санаи 9 марти соли равон қобили ёдоварист: «Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.»
Лозим ба тазаккур аст, ки дар самти мубориза бо терроризму экстремизм Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Боиси нигаронии Сарвари давлат дар ин мулоқот ин буд, ки бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ифротишавии баъзе шаҳрвандони мо ва гароиши онҳо ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасанд.
Шариф Хоҷаев дар ҳошияи гуфтаҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ҷавонони имрӯза бояд дарк намоянд, ки гароидани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, давлату миллатамонро бадном кардан аст ва албатта дар оянда оқибатҳои ногувор дорад.
Ҳадафи асосии ҳар як роҳбари муассиса ин роҳнамоӣ кардани кормандонаш дар зиндагӣ интихоби роҳи дуруст, рафтору кирдорашон ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа буда, бо истифода аз фазои сулҳу оромиши кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба омӯзиши касбу ҳунар ва аз худ намудани илму дониш ва ихтисос мебошад.
Ҳамчунин роҳбари Институт ба ҷавонон таъкид кард, ки аз хурофот ва хурофотпарастон дурӣ ҷуста, вақти бештари худро ба илмандӯзӣ сипарӣ намоянд. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мову шумо ин меҳандӯст, ватанпараст, дар пешрафти кишварамон саҳмгузор будан ва дар асоси дастуру супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурӣ кору фаъолият намудан аст.
Директори Институт инчунин ба ду масъалаи дигар, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ки имрӯзҳо барои ҳар як фард, бахусус барои олимони ҷавон ҷиҳати тақвияти дониш, корҳои илмӣ ва тахассусашон дар хориҷи кишвар муҳим мебошад ва ҳамчунин пушидани либоси миллиро дар муассиса ба занону духтарон таъкид карданд.





Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















