13.05.2024. Мутахассисони ширкати Aqilent Technologies International Sari (Экилент Текнолоджис интернейшинел Сори) бо иштироки Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ ва роҳбарони муассисаҳо ва масъулону кормандони илмии озмоишгоҳҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар як чорабинӣ бо истифода аз слайдҳо ва видеоҳо таҷҳизоти пешрафтаи ин ширкатро рӯнамоӣ карданд.
Намояндаи ин ширкат Маркс Ҳоҷиев иштирокчиёнро аз ҳадаф ва кору фаъолияташон шинос намуд ва Василий Бакликов мутахассиси дигари ин ширкат дар ҷараёни рӯнамоӣ аз истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли ширкати Aqilent Technologies international Sari, (ИМА) дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла экологӣ, тиббӣ, дорусозӣ, стансияҳои санитарию эпидемиологии саноати нафту газ, металлургия ва бисёр дигар бахшҳоро тавзеҳ дод. Аз ҷумла хроматографи газӣ, микро-хроматографҳои газӣ, хроматографҳои моеъи баландсифат, спектрометрҳо, масс-спектрометрҳо ва дигар маҳсулоти Aqilent-ро тавассути слайду видео дар намоиш гузошта изҳор дошт, ки ин таҳизоти ҷадид барои истифодаи ташхиси хок, об ва маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Меҳмонон аз масъулини АИКТ ва роҳбарони Институтҳо барои ҳамкорӣ омодагии худро иброз доштанд.
Қобили зикр аст, ки Созмони ҶДММ HIMLABPRIBOR ба муддати 18 сол барои озмоишгоҳҳо, саноати кимиё ва нафту газ Узбекистонро аз кишварҳои хориҷи дуру наздик бо таҷҳизот, асбобҳо ва маҳсулоти кимиёвии гуногун таъмин мекунад.