Баргузории рӯзи саҳроӣ дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и шаҳри Ҳисор

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Wednesday, 29 May, 2024 - 14:15

     29.05.2024. Тибқи  қарори Раёсати АИКТ аз 30.01.2024, № 4, «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024», рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи “Истифодабарии нуриҳои маъданӣ дар боғҳои интенсивӣ”, дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор доир гардид. Дар ҳамоиши илмӣ олимону мутахассисони Институти хокштносӣ ва агрохимия, намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

         Ҳадаф аз баргузории ин рӯзи саҳроӣ, аз нигоҳи илмӣ баррасӣ, дарёфти роҳу усулҳои муосири самаранок истифода бурдани нуриҳои маъданӣ бо технологияҳои инноватсионии пешрафта дар минтақаҳои доманакӯҳи кишвар буда, ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии замин ва ҳосилнокии боғҳои мевадиҳанда, тарғиби арзишҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳо дар истеҳсолот ва ба ин васила амалӣ намудани сиёсати давлати Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ мебошад.

         Олимон дар мавзӯъҳои “Таъсири нуриҳои маъданӣ ба ҳосилнокии боғҳои мевадиҳанда”, “Истифода бурдани нуриҳои микробиологӣ дар боғҳои интенсивӣ”, “Агротехникаи парвариш ва ҳимояи интегратсионии дарахтони себ” ва дигар масъалаҳои муҳим барои роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ суханронӣ намуда, аз тарзи истифодаи нуриҳои маъданӣ дар решаи дарахтон дар боғҳои интенсивӣ корҳои амалӣ анҷом доданд.

         Тавсия дода шуд,  ки дар натиҷаи истифодаи дурусти заминҳои кишоварзӣ дар баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳо ва ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ ва инчунин риояи дурусти меъёр, мӯҳлат ва тарзҳои истифодаи нуриҳои комплексии моеъгӣ ба решаи дарахтони мевадиҳанда, метавон  ҳосили фаровон ба даст овард.

         Иштирокчиёни рӯзи саҳроӣ таъкид карданд, ки таъмин намудани боғҳои интенсивӣ ва боғу токзор бо ғизо, метавонад ҳосилхезии хок ва ҳосилнокии боғҳои интенсивиро баланд бардошта, дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоди миллии кишвар нақши муҳимро бозида, ҳамзамон ба таҳкимиҳамкориҳо байни Институти хокшиносӣ ва агрохимия ва хоҷагиҳои деҳқонии водии Ҳисор дар самти баланд бардоштани малакаи хоҷагидорон дар самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ тавассути нуриҳои маъданӣ ва амалӣ шудани ҳадафи сеюми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқаворӣ” заминаи воқеӣ гузошта, аҳамияти аввалиндараҷаро касб намояд.

          

     

 

 

Таджикский

Меню: