+992 227-19-79 Главная | Карта сайта | Контакты |
February 2024
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТОЛОРИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ
Санаи 22 феврали соли ҷорӣ, дар толори муассиса бо иштироки Пезиденти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҷанговарони интернатсионалӣ, полковники адлия - Холзода Умар, полковники эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ғоибов Аслиддин, полковники мустаъфӣ - Ятимзода Хуршед ва собиқадори ҷанги Афғонистон - Аминов Шариф иштирок намуданд.
БАРГУЗОРИИ БОЗИИ ШОҲМОТУ ШАШКА БАХШИДА БА РУЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Санаи 22.02.2024 дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ чун ҳамасола бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии шавқовари шашка ва шоҳмот баргузор карда шуд, ки дар он ҳамаи кормандони муассиса фаъолона ширкат намуданд.
Сараввал директор Хоҷаев шариф иштирокчиёни озмунро бо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик намуда, ба онҳо барору комёбиҳои беназзирро таманно намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои гирифтани ҷойҳои 1, 2, 3 ғолибон муайя гардида, онҳоро бо маблағҳои пулӣ қадрдони намуданд.
ҷойи якум Пирназаров Сидиқ сармуҳосиби муассиса 150- сомонӣ
ҷойи дуюм Соррохон Шерозӣ корманди шуъбаи мелиоратсия 100- сомонӣ
Иҷроиши корҳои агротехникӣ дар боғу токзори қитъаи таҷрибавии минтақаи “Карсанг”
Яке аз корҳои мавсимии дарахтони мевадиҳанда, ҳангоми боришоти барф, ҷамъ ë шибакунии барф дар атрофи дарахтон мебошад. Санаи 19.02.2024 аз ҷониби кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия атрофи дарахтони боғи қитъаи таҷрибавии “Карсанг” бо барф шиба карданд, ки ин технология метавонад дар оянда мӯҳлати гул шукуфоии дарахтонро ба ақиб партофта, захираи намиро таъмин намояд, ҳамзамон касалиҳо зараррасонҳои атрофи дарахтонро нобуд намояд.
Ғун кардани барф дар атрофи дарахтони бо мақсади намиғундори дар оянда. Зер яъне сум кардани барф бо хотири дер об шудан мебошад. Барф оҳиста об шуда то чуқурии лозима меравад.
Шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзиии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба сарсабу хурам гардонидани бинои муассиса ва зерсохторҳои он санаи 17.02.2024 роҳбарият ва аҳли кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзиии Тоҷикистон, барои тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса, нарм кардани гирди гулу дарахтон ва ба шакл даровардани дарахтони назди бино дар Институт ва зерсохторҳои он дастаҷамона корҳои ободониву сабзу хуррамгардонӣ баргузор шуд.
Семинари илмию амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Беҳтар намудани ҳолати беҳдошти заминҳои обёришавандаи дубора шӯршудаи водии Вахш”
Ҷиҳати иҷрои қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 30.01.2024, №4 “Дар бораи баргузории семинари илмию амалии минтақавӣ ва рӯзҳои саҳроӣ” аз ҷониби муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли 2024 санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ семинари илмию амалии минтақавӣ оид ба “Беҳтар намудани ҳолати беҳдошти заминҳои обёришавандаи дубора шӯршудаи водии Вахш” вобаста ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Сарраёсати кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ иштирок намуданд.
Мулоқоти Президенти АИКТ бо кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимия шиносоии Президенти АИКТ муҳтарам Амонулло Салимзода бо кормандони Институт баргузор гардид. Дар аввал роҳбари муассиса Шариф Хоҷаев аз ҳузури Президенти АИКТ изҳори сипос намуд.
Мулоқоти корӣ оид ба ташхисии хок дар озмоишгоҳи хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ
Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 2 феврали соли ҷорӣ бо иштироки Қурбонов Б -муовини директор/ҳамоҳангсози лоиҳа, Бурхвалишо З. -ҳамоҳангсози компоненти 3-юм, Шомаҳмадзода М.Қ. –мутахассис хокшинос, Хоҷаев Ш.И. -директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия, Хоҷаев Д.И.