ИСТИФОДАИ НУРИҲОИ МИКРОБИОЛОГӢ ДАР КИШТИ ТАКРОРӢ

Автор: Майрамбӣ Зокиро... Дата публикации: Пятница, 12 July, 2024 - 18:36

          12.07.24. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон кишти такрорӣ дар ҷараён аст. Аз ин фурсати муносиб ҳам деҳқонон ва олимони соҳаи кишоварзӣ истифода бурда, дар манотиқи мухталифи кишвар зироатҳои ба ин мавсим мутобиқро  кишт мекунанд.

     Аз ҷумла, олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар 0, 5 га замини  ноҳияи Кушониён марбут ба Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахш дар кишти такрорӣ ду намуд лубиёи сурх ва сафедро бо маҳлули 5% нурии микробиологии “Азотобактерин” мавриди истифода қарор доданд.

     Дар раванди кишт намояндагони минтақавии васоити ахбори омма аз  телевизиони “Ҷаҳоннамо” дар вилояти Хатлон ширкат намуданд. Зимни мусоҳиба Қурбоналӣ Салимов изҳор дошт, ки моҳияти кишти такрорӣ ин ғанӣ гардондани дастархони мардум ва дар таъмини амнияти ғизоӣ нақши муҳим дорад.

     Қобили тазаккур аст, ки амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба шумор рафта, дар партави сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим ва мубрам қарор дорад. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин робита аз ҷониби Ҳукумати кишвар чандин қонуну қарорҳо ва стратегияву барномаҳои дахлдор ба тасвиб расидааст, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат иқдоми муҳим маҳсуб мегардад.

     Тавре пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар маҳсуб мегардад, барои расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, олимони соҳаи кишоварзӣ дар амалӣ намудани он саҳми арзанда мегузоранд. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваҷоту сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд.

Таджикский

Меню: