Таърихи таъсисёбии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз солҳои сиюми асри гузашта сарчашма мегирад. Дар ин солҳо масоили пахтапарварӣ дар Осиёи Миёна аҳамияти ниҳоят калон пайдо кард. Ҳануз соли 1928 имкониятҳои парвариши пахтаи ќиматбаҳои маҳиннах бо ҳосилнокии баланд исботи худро ёфта буд.
Аз ин рў бо ќарори махсуси президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ академик В.Л. Комаров соли 1936 Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш, дар заминаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравии дар Тоҷикистон буда таъсис дода шуд, ки дар аз худ намудани води зарнисори Вахш саҳми калон дорад.
Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар асоси қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 8 марти соли 1951, дар заминаи Стансияи хокшиносию-мелиоративии ба номи Антипов-Каратаеви минтақаи Вахш таъсис дода шудааст ва солҳои аввали таъсисёбии худ ҳамчун Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия ва баъдан ҳамчун Институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ фаъолият намудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат Институти илмию тадқиқотии хокшиносӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 215 аз 2 майи соли 2008 аз нав ҳамчун «Институти хокшиносӣ» номгузорӣ шудааст. Аз 31 августи соли 2020, № 487 ба Қарори мазкур тағъироту иловаҳо ворид гардид, ки дар натиҷа номгуи муассисаи илмӣ дар таҳрири нав “Институти хокшиносӣ ва агрохимия” тасдиқ карда шуд. Институти хокшиносӣ ва агрохимия тобеъи бевоситаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мебошад. Институт дар асоси Оиннома, ки аз ҷониби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, аз 25- майи соли 2008 тасдиқ гардидааст ва Шаҳодатномаи шахси ҳуқуқии аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-августи соли 2008, таҳти №001-5342 аз қайди давлати гузаштааст фаъолият менамояд.
+992 227-19-79 Главная | Карта сайта | Контакты |