ҶАВОНОН - НЕРӮИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ

Автор: Эмомов И. М. Дата публикации: Пятница, 21 May, 2021 - 15:00

Воқеан, ҷавонони саодатмаду ватандӯст шарафи сарзамини биҳиштосои мо буда, нерӯву қувваи тавоною пешбарандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Зимнан, саъю талош, матонату боварӣ, азми қавию иродаи мустаҳкам метавонад, насли тамаддунсозро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Кӯшишҳои ҳамаҷониба лозим аст, ки кас ба қуллаҳои баландтару болотар расад ва дар соҳаҳои мухталиф пешсафу пешқадам шуда, роҳнамои ҳаёт ва фардои ҷомеа гардад. 
Имрӯз, ки саҳми ҷавонон дар пешрафти мамлакат аён аст, албатта, ин ҳақиқати комилро ҳар як фарди ҷомеа эҳсос мекунад. Гузаштагони мо дар хусуси он ки ҷавонӣ гули ҳаёт аст ва қимати онро бояд донист, ҷилд-ҷилд китобу ашъори зебо гуфтаанд. Ба қавли хирадманде: 
Дар ҳаёт ду чиз аст хуштар, 
Ҷавонӣ яке, тандурустӣ дигар. 
Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон нерӯи бузург, муташаккил ва созандаро ташкил медиҳанд. Сардори давлат хеле воқеъбинона зикр намуд, ки ҷавонони ғайратманди мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллии худро нишон диҳанд, ҳамчунин ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд, бар замми ин, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва дар сафи пеши нерӯҳои ободгару хайрхоҳи Тоҷикистон қадам зананд. Воқеан, ҷавонони имрӯзаи мо бо донишу маърифат, китобхонӣ, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд. Онҳо, қабл аз ҳама, ҳушёру бедоранд, дар иҷрои вазифа собитқадаманд. 
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳу¬рии Тоҷикистон, ҷомеаи пешқадам, ашхоси хайрхоҳи номдор ва мардуми ҳақшинос ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро сари вақт дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани орзу ва нияти неки инсониашон мекӯшанд, яъне шароити мувофиқ ва имконияти дуруст фароҳам меоваранд. Аз ҷумла, ба корҳои муносиб ва вазифаҳои масъул пешниҳод гардидан ва пазируфта шудани кадрҳои ҷавону арзанда қобили қайд мебошад. 
Аз ин рӯ, наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо та¬моми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ва¬тан, рушди илму техника ва бунёдкориҳо равона созанд. 

Таджикский

Меню: