Якшанбе, Январ 29, 2023

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Якшанбе, 29-уми Январи соли 2023

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Тоҷикӣ

ТАНТАНАИ ҶАШНИ САДА ДАР БОҒИ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Якшанбе, 29-уми Январи соли 2023

Санаи 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи

Тоҷикӣ