ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯ ВА “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 01-уми Ноябри соли 2024

     01 .11.2024. Имрӯз дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ба муносибати 30-юмин солгарди тасвиби Конститутсия ва эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Амонулло Салимзода Президенти АИКТ, Маҳмароиб Тоҷиддинов намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Фазлиддин Икромӣ намояндаи Парлумони Тоҷикистон ва тамоми роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва олимону мутахассисони он ширкат намуданд.

     Нахуст ҷаласаи тантанавиро Амонулло Салимзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба ин ҷашни муборак ҳамаи ҳозиринро табрик намуд. Зимни суханронии хеш ӯ аз аҳамият ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи мардуми кишвар, чунин ибрози назар намуд: “Конститутсия олитарин санади ҳуқуқии ҳар як кишвар ва дастури муқаррар намудани қонунҳои дигар мебошад. Конститутсия принсипҳои сиёсӣ, сохтор, сатҳ, мавқеъ ва ҳудуди қудрати сиёсии ҳукумати кишвар ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварро муайян ва кафолат медиҳад. Ҳеҷ як қонун набояд ба Конститутсия мухолиф бошад.”

     Сипас, иштирокчиён зимни суханрониҳои хеш таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, нақши муҳим дорад. Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.

     Ҳамзамон  қайд гардид, ки эълони соли “Маърифати ҳуқуқӣ” дар соли ҷорӣ бамаврид буда, чун ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар тули сол ба ин  мавзуъ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Тибқи мушоҳидаҳо ниёз ба донишҳои ҳуқуқӣ рӯз ба рӯз бештар шудааст, ки дар ин давраи муҳим барои расидан ба адолати иҷтимоӣ нисбат ба дигар давраҳо, донишҳои муосири ҳуқуқӣ яке аз меъёрҳои фарқкунандаи давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ  мебошад.

 

Тоҷикӣ

Меню: