ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 22-уми Ноябри соли 2024

                                             Чист парчам? Ифтихори миллат аст,

                                             Чист парчам? Иқтидори миллат аст.

                                             Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,

                                             Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.

     22.11.2024. Дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ҷаласаи идона бо ҳузури намояндагони тамоми муассисаҳои зертобеи Академияи илмҳои кишоварзӣ доир гардид. 

     Дар маросими ифтитоҳии ҷаласа зимни суханронӣ Амонулло Салимзода президенти АИКТ, тамоми ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда гуфт, ки ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр дар кишвари мо бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари Тоҷикистон бо ширкати мардуми касбу кораш мухталиф роҳпаймоиҳо, ҳамоишҳо, конференсияҳо ва маҳфилҳо дар тамоми корхонаҳо ва муассисаҳо баргузор мегарданд.

     Дар АИКТ низ барои арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ бо доир гардидани ҳамоиши идона аз таърих, нақш ва мақоми ин рӯйдод ёдовар шуданд. Чун дар вазъи имрӯзи ҷаҳонӣ барои шинохти ҳар як миллату халқият Парчам нақши муҳим дорад.

     Ҳамчунин намояндагон аз Институти хокшиносӣ ва агрохимия Парвина Сониева ва Рисолат Додова аз таърих ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти давлатӣ, парчами миллӣ -– рамзи cоҳибихтиёрӣ ва бо чанд қитъа шеър дар васфи Парчами давлатӣ ибрози назар карданд.

     Қобили ёдоварист, ки Парчам – шиносномаи ҳар миллат буда, эҳтиром ба он эҳтиром ба миллату давлат аст.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ парчами худро дошт. Баъди соҳибистиқлолӣ Прачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил гардид.

     Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранги он маънои мушаххасро ифода менамояд.

     Солгарди навбатии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи ҳаммеҳанон, дӯстону наздикон ва тоҷикони бурунмарзӣ шодбош гуфта, орзуи онро дорем, ки дирафши Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ҷовидона, парафшонӣ намояд.

                                                      Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Тоҷикӣ

Меню: