Чоршанбе, Май 8, 2024

Баррасии пешдифоии рисолаи докторӣ дар Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 08-уми Майи соли 2024 • Updated on Сешанбе, 14-уми Майи соли 2024

    Дар ҷаласаи навбатии Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия яке аз масъалаҳои асосӣ, пешдифои рисолаи доктории ходими калони илмӣ  Бобишо Холзода дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ оид ба ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои гуногуни агроэкологии Тоҷикистон» буд, ки дар он Президенти АИКТ Амонулло Салимзода, аъзоёни Шўро ва олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ширкат намуданд.

     Нахуст ҷаласаро Раиси Шўро Шариф Хоҷаев ифтитоҳ ва ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Сипас, Бобишо Холзода дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии рисолаи доктории худ суханронӣ намуда, ширкаткунандагонро бо муҳтаво ва натиҷаҳои илмии  ба даст овардашуда муаррифӣ кард. 

Тоҷикӣ