Баррасии пешдифоии рисолаи докторӣ дар Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия
Дар ҷаласаи навбатии Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия яке аз масъалаҳои асосӣ, пешдифои рисолаи доктории ходими калони илмӣ Бобишо Холзода дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ оид ба ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои гуногуни агроэкологии Тоҷикистон» буд, ки дар он Президенти АИКТ Амонулло Салимзода, аъзоёни Шўро ва олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ширкат намуданд.
Нахуст ҷаласаро Раиси Шўро Шариф Хоҷаев ифтитоҳ ва ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Сипас, Бобишо Холзода дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии рисолаи доктории худ суханронӣ намуда, ширкаткунандагонро бо муҳтаво ва натиҷаҳои илмии ба даст овардашуда муаррифӣ кард.